Даъвати Човушоглу аз кишварҳои Ғарб барои музокира бо Русия

Вазири умури хориҷии Туркия эълон кардааст, ки бидуни музокира бо Русия, тавофуқ дар бораи оташбас дар Украина ғайриимкон хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Туркия Мавлют Чавушоглу ахиран гуфтааст, ки кишварҳои Ғарб бояд бо Русия музокира кунанад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Вай гуфт, бидуни музокира бо Маскав тавофуқ дар бораи оташбас дар украина ғайриимкон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват, кард ки сиёсати ғалатро бознигарӣ кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, Аврупо аз таҳримҳо бар зидди Русия "охиста-оҳиста хун мерезонад.
Коршинос гуфт, кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимол таҳрим шаванд - видео
"Таҳримҳо интизориҳоро бароварда накарданд. Шоҳиди хунрезии оҳиста-оҳистаи Аврупо ҳастем, дар ҳоле, ки Русия дар ин миён пули хубе ба даст меорад. Маълум аст, ки сиёсати таҳримии ғалати Брюссел бояд тағир дода шавад", - навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як суханронии телевизионӣ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои дифоъ аз ҷумҳуриҳои Донбасс, ки дар авоили ҳамон ҳафта расман эътироф шуда буд, хабар дод.
Аз он замон кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримҳо алайҳи Русияро афзоиш дода, теъдоде аз бонкҳои Русияро таҳрим карданд, теъдоде аз мақомоти баландпояи Русияро ба рӯйхати сиёҳ ворид намуда, дороиҳои онҳоро дар хориҷи кишвар мунҷамид карданд.