ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Сафорати Ӯзбекистон дар Киев аз шаҳрвандонаш хостааст, ки Украинаро тарк кунанд ва аз сафар ба ин кишвар пас аз ҳамлаҳои мушакии Русия ба инфрасохтори он худдорӣ намоянд.
"Бо дарназардошти бад шудани вазъ дар майдони ҷанг, инчунин эҳтимоли зиёди идомаи зарбаҳои мушакӣ ва тӯпхона дар саросари Украина, мо аз ҳамватанони худ хоҳиш мекунем, ки ба хотири амнияти шахсии худ ин кишварро тарк намоянд", - изҳорот кардааст сафорат.
Намояндагии дипломатӣ қайд кард, ки дар робита ба муроҷиатҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон дар робита ба бехатарии вуруд ва будубош дар қаламрави Украина дар пасманзари ҳамлаҳои мушакҳои шадиди Русия, “сафорат бори дигар аз ҳамватанони худ даъват мекунад, ки аз сафар ба Украина то ҳалли муноқиша худдорӣ намоянд”.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи душанбе дар ҷаласаи фаврии Шӯрои Амният гуфт, ки субҳи имрӯз ба зерсохтҳои Украина зарбаи густурда бо силоҳҳои дақиқ анҷом дода шудааст.
Путин ҳодисаи болои пули Қримро ҳамлаи террористӣ номид, ки ҳадафаш аз байн бурдани зербиноҳои ғайринизомӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, Киев худро бо даҳшатноктарин гурӯҳҳои террористӣ дар як саф гузоштааст ва ҷиноятҳои режими Киев беҷавоб нахоҳад монд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Русия эълон кард, ки аҳдофи ҳамлаи густурда бо аслиҳаи дақиқ бар зидди Украина, ки рӯзи душанбе анҷом шуда буд, амалӣ шудааст.
Матбуоти Украина ахиран аз таркишҳо дар Киев ва вилояти Киев, инчунин Харков, Одесса, Днепропетровск, Лвов ва вилояти Лвов, вилоятҳои Ивано-Франковск, Тернопол, Хмелницкий, Конотоп, Ровно ва Полтава хабар дод.