Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҷаласаи фаврии худро бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оғоз кард.
Эҳтимол меравад, дар ин нишаст вазъ дар пули Қрим, ки субҳи 8 октябр дар он мошини боркаш таркид, баррасӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати доимии Шӯрои амният нахуствазир Михаил Мишустин, раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев шомиланд.
Ҳамчунин котиби Шӯрои амният Николай Патрушев, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу, мудири ФСБ Александр Бортников, вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев, директори Хадамоти истихбороти хориҷӣ Сергей Наришкин ва дигароншомиланд.
Президент мунтазам бо Шӯрои Амният ҷаласаҳои оперативӣ мегузаронад.
Дар ҷаласаҳои ахир масъалаи сафарбаркунии қисман, ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ, бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи РФ баррасӣ шуд.