ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Посухи Русия ба ҳамлаи террористӣ ба пули Қрим бояд нобудсозии мустақими террористҳо бошад.
Ин нуктаро ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия дар посух ба рӯзноманигор аз Донбасс баён доштаст.
"Ин амали террористӣ аз ҷониби низоми ҷиноии Киев анҷом дода шуд. Шубҳае нест. Ҳамаи гузоришу хулосаҳо бароварда шуданд. Посухи Русия танҳо нобудсозии мустақими террористҳо буда метавонад", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намудаст, ки ин шеваи посух дар тамоми ҷаҳон роиҷ асту маҳз инро шаҳрвандони Русия низ интизоранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт, муаллифон, фармоишгарон ва иҷрокунандагони тахриби пули Қрим хадамоти вижаи Украина буда, ин як ҳамлаи террористӣ аст.
"Ин ҷо ҳеҷ шакке нест. Ин як ҳамлаи террористӣ аст, ки ҳадафаш аз байн бурдани инфрасохтори муҳими шаҳрвандии Русия мебошад", - таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин ба раисҷумҳур аз оғози парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи "терроризм" хабар дод.
Ӯ гуфт, бо кумаки афсарони фаврии Хадамоти федералии амният - "ФСБ" муайян карда шудаст, ки дар ташкили таркиш хадамоти махсуси Украина ва ҳам шаҳрвандони Русияю кишварҳои хориҷӣ даст доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки таркиши мошини борбар дар пули Қрим субҳи 8 октябр рух дода, қисме аз он тахриб шуд. Баъди чанд соати масдудият ҳаракати худраву қаторҳо аз тариқи пул барқарор карда шуд.