Дар Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис бунёд мегардад

Дар корхонаи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис сохта мешавад, ки дар он беш аз 200 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҶДММ КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис, ки ҳоло сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода мешавад, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Панҷакент.
Хабар дода шудааст, ки дар ин корхонаи нав беш аз 200 нафар сокинони маҳалӣ ба ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон мақомоти шаҳри Панҷакент хабар додааст, ки дар шаҳр бунёди беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шуда, давоми нуҳ моҳи гузашта 96 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бунёди 100 корхонаи саноати дар Душанбе то соли 2026
Қайд карда шудааст, ки намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ахиран аз якчанд иншооти бунёдшаванда ва коргоҳҳо дидан намуданд.
Онҳо дар хиёбони Рӯдакии шаҳр бо ҷараёни бунёди биноҳои баландошёна шинос шуданд. Зимнан, ҳоло дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорон 9 бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷоратию истеҳсолӣ бунёд мешаванд.
Ҳамчунин бо дастгирии созмони ЮНИСЕФ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмиру таҷдиди беморхонаи амрози сироятии шаҳр идома дорад.
Фарҳод Раҳимӣ ва ҳамроҳонаш ҳамчунин аз ҶСП “Мармари Зарафшон”, ки дубора ба кор шурӯъ намудааст, сардхонаҳои соҳибкорон Қурбонов ва Шокир Азизмуродов дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки онҷо ҳоло себу ангур нигоҳдорӣ мешаванд, бунёди меҳмонхонаи нав дар маркази тиҷоратии “Ашан”-и деҳаи Ғӯсар дидан намуданд.