ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз аъмоли террористии мақомоти Украина дар нерӯгоҳҳои ҳастаии Запроже, Курск, ҳамчунин лӯлаи гази самти Турия ва пули Қрим гуфта, аз посухи сангин ҳушдор дод.
Путин зимни ҷаласаи Шӯрои амният бо зикри ҳамлаҳои Киев ба инфрасохтори Русия, таъкид намуд, ки ин низом худро бо даҳшатноктарин гурӯҳҳои террористӣ дар як саф гузошт. Ӯ афзуд, Украина кӯшиш кард, ки "Маҷрои Туркия"-ро вайрон кунад, аммо аз он ҷилавгирӣ шуд.
Президенти Русия ҳамчунин аз таркиши пули Қрим зикр намуда, тавзеҳ дод, ки ин як ҳамлаи террористӣ аст, ки ҳадафаш тахриби инфрасохтори ғайринизомӣ мебошад.
Вай таъкид намуд, ки ҷиноятҳои режими Киевро бе ҷавоб мондан ғайриимкон аст.
"Бо пешниҳоди Вазорати мудофиа ба иншооти зерсохтори Украина - инфрасохтори энергетикӣ, фармондеҳии низомӣ ва коммуникатсия бо силоҳҳои дақиқ зарбаи густурда расонда шуд", - афзуд ӯ.
Владимир Путин ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои террористии Украина ба қаламрави Русия, вокуниши Маскав сахт, аз рӯи миқёс ба сатҳи таҳдидҳо мувофиқ хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, баъди таркиши пули Қрим, ки соати 8 октябр рух дод, Русия бо зарбаҳои мушакӣ ба шаҳрҳои Украина посух дод.