ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи равон бо сафари корӣ ба шаҳри Остона хоҳад рафт.
Бозиди раисҷумҳурро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъйид кард. Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон давоми ду рӯз дар ҳамоишҳои сатҳи баланд дар Остона иштирок кунад.
Аз ҷумла Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 13 октябр дар назар аст. Интизор меравад, дар ҳамоиш президентҳои Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қатар, Қирғизистон, Фаластин, Русия, Туркия, Ӯзбекистон ва аз Чину Ветнав ноибони раисҷумҳурашон ширкат кунанд.
Инчунин ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 14 октябр дар Остона пешбинӣ шудааст. Ба иттилои мақомоти умури хориҷии Қазоқистон роҳбарони аксари давлатҳои ИДМ ширкаташонро дар ҷаласаи Шӯро тасдиқ кардаанд.
Намояндаи расмии ВУХ Қазоқистон, Айбек Смадияров изҳор дошт, ки танҳо аз Украина дар ҳамоиш иштирок нахоҳанд кард, чун ин кишвар узвияташро дар ИДМ қатъ намудаст.
Ҳамчунин президенти Молдова, Майя Санду аз иштирок дар ҷаласаи роҳбарони ИДМ худдорӣ карда, сабабашро ба реҷаи корияш рабт додаст.
Дар баробари ин ҳамоиши "Осиёи Марказӣ - Русия" рӯзи 14 октябр таъйин шудааст, ки дар он иштироки роҳбарони ҳамаи давлатҳои минтақа ва президенти ФР, Владимир Путин дар назар аст.