ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи "Н" миёни дастаҳои Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, наврасони то 17-солаи ду кишвар 9 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе зӯрозмоӣ мекунанд. Оғози сабқат соати 17:00 дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки 9-уми октябр бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуда, дар пайи он ҳамаи 16 иштирокчии қисми ниҳоии мусобиқа муайян мешаванд.
Феълан дар натиҷаи ҷамъбасти бозиҳои анҷомшуда дар гурӯҳи "Н" Афғонистон дар зинаи аввал қарор дорад.
Барои гирифтани зинаи якуми гурӯҳ дастаи наврасони Тоҷикистонро зарур аст, бар тими Афғонистон пирӯз шавад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран тими Афғонистон бо ҳисоби бузурги 5:0 бар тими Муғулистон пирӯз гардид. Дастаи Тоҷикистон мунтахаби наврасони Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.
Идомаи сабқат дар ҳолест, ки ахиран дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.