Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сеяки ҳайати шахсӣ нобуд шуд: Русия гуфт, чаро Украина ҳамлаҳои ҷавобиро боздошт

Талафоти зиёде, ки нерӯҳои Русия ба ҷониби Украина ворид карда истодаанд, ҷониби ҳарифро аз талошҳо барои роҳандозии ҳамлаҳои ҷавобӣ боздоштаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Талафоти ҳайати шахсии баталёнҳои 96 ва 98-уми бригадаи 60-уми пиёдагардон ва 128-уми нерӯҳои кӯҳии ҳамлагари артиши Украина, беш аз 30%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, дақиқ шудааст, ин нерӯҳо, ки дар самти Николаев-Кривой Рог фаъолият доранд, ҳудуди сеяки ҳайати шахсиро аз даст доданд.
Таъкид шудааст, ки маҳз дар пайи талафоти зиёд ҳариф аз талошҳои ҳуҷуми ҷавобӣ бозмондаст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти дифоии Русия ҳамарӯза аз талафоти садҳо нерӯи зинда ва техникаи ҳарбии ҷониби Украина гузориш медиҳанд.
Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ба ҳолати аввали моҳи сентябр талафоти ҷониби Украинаро қариб нисфи артиш арзёбӣ намуд.
Ё музокирот ё ҷанги сеюми ҷаҳонӣ: Трамп хостори гуфтушунид дар мавриди Украина шуд
"Ҳалокшудаҳо беш аз 61,2 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳудуди 49,3 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд", - гуфта буд Шойгу дар мавриди талафоти Украина.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки беш аз 2 ҳазор ҷангиёни хориҷӣ дар Украина нобуд шуда, феълан ҳудуди як ҳазор нафари онҳо боқӣ мондааст.
Вай таъкид намуд, ки Русия на танҳо алайҳи Украина мубориза мебарад, балки зидди таҷаммӯи ғарбӣ истодаст. Амалан дар Киев ҳайати фармондеҳии ғарбӣ, беш аз 150 мутахассис қарор доранд, иттилоъ дод ӯ.
Талафоти Русия дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Донбасс ва Украина ба ҳолати моҳи сентябр наздики 7 ҳазор нафар арзёбӣ шуда буд.