ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Қирғизистон қарор кардааст, ки машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД бекор карда шаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар хабар додаст.
Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" нимаи моҳи октябри соли равон дар қаламрави Қирғизистон дар назар буданд. Қаблан мақомоти қирғиз эълон дошта буданд, ки барои ин машқҳо, ки аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуданд, омодагӣ мебинанд.
Дар мавриди далелҳои лағви ин чорабинии амниятии байналмилалӣ мақомоти Қирғизистон хабар надодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин машқҳо иштироки низомиёни Тоҷикистон низ дар назар буд.
Сардори ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров нимаи моҳи сентябр хабар дода буд, ки тасдиқи хаттӣ дар мавриди иштироки низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқҳо дар қаламрави Қирғизистонро гирифтаанд.
Дар ин машқҳо ба ҷуз аз низомиёни тоҷику қирғиз, иштироки нирӯҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия дар назар буд.
Ба тамринҳо нозирон аз Ӯзбекистон, Сербия, Сурия, Туркманистон ва Муғулистон даъват шуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2012 машқҳо бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвонии "Бародарии осебнопазир" мунтазам баргузор мешаванд.