ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 1074,8 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 17,1 фоизро ташкил додааст, иттилоъ додааст шаҳрдории Хуҷанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин миқдор ба маблағи 292 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 27,1 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Қайд карда шудааст, ки дар 9 моҳи соли равон 16 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 184 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 195 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 544,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 106,1 млн. сомонӣ ё 24,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра аз 136 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 55 намуд ё 40,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.