ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути пули Қрим, ки субҳ дар пайи як таркиш фурӯ рехта буд, оғоз шуд.
Ҳаракат бо тартиби мукаммали муоина аз боз аст, хабар медиҳад роҳбари Қрим Сергей Аксёнов.
"Ҳаракати васоили нақлия дар пули Қрим оғоз шудааст. Дар ҳоли ҳозир ҳаракати мошинҳо ва автобусҳо бо гузаштани расмиёти пурраи муоина боз шудааст", — навиштааст ӯ.
Ин ҳаракат аз Керч ба Таман баръакс сурат мегирад. Дар вақти муайян 10 худрав дар як замон мегузарад.
Қаблан Аксёнов хабар дода буд, ки то охири рӯз инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаракати роҳи оҳан дар болои пул оғоз шавад.
Ба гуфтаи ӯ, барқарорсозии пули Қрим рӯзи шанбе, замоне оғоз мешавад, ки маъмурони интизомӣ кори худро анҷом медиҳанд.
Қаблан Вазорати нақлиёти Русия изҳор карда буд, ки ҳолати қисмати вайроннашудаи шоҳроҳ таъмир шуда, имкон медиҳад, ки ҳаракати мошинҳо оғоз шавад.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз 8 октябр Кумитаи миллии зиддитеррористӣ хабар дод, ки субҳи 8 октябр як мошини боркаш дар болои пули Қрим мунфаҷир шуд.
Ин ҳодиса боиси сӯхтори ҳафт бушкаи сӯзишвории қатор шуд, ки дар натиҷа қисман фурӯ рехтани роҳ низ ба амал омад.
Ба гуфтаи ин кумита, фарзия вуҷуд дорад, ки таркиш кори дасти нерӯҳои амалиёти вижаи Украина будааст
Бо дарозии 19 километр пули Қрим дарозтарин пули Русия аст. Роҳи нақлиётии он моҳи майи соли 2018 ба фаъолият оғоз кард. Ва дар моҳи декабри соли 2019 аввалин қатораҳо дар қитъаи роҳи оҳани он ҳаракат мекарданд.