Путин аз суди гузариш ба пули миллӣ дар доираи ИДМ гуфт

Раисҷумҳури Русия изҳори боварӣ кард, ки гузариши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба истифодаи пули миллӣ соҳибихтиёрияшонро тақвият мебахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Додугирифт бо истифода аз пулҳои миллӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳеч ангезаи сиёсӣ надошта, ҳамгироиро такон мебахшад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург баён дошт.
Вай афзуд, ки афзоиши додугирифти мол миёни кишварҳои узви ИДМ барои вусъати гузариш ба пулҳои миллӣ мусоидат мекунад.
"Аслан ин корро солҳост, ки анҷом медиҳем ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳеч ангезаи сиёсие рабт надорад. Ин ба таҳкими истиқлолияти молиявии давлатҳои мо, рушди бозорҳои дохилии сармоя ва амиқтар шудани ҳамгироии иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад кард", - изҳор дошт Путин.
Путин: вазъият дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи зиёдеро талаб мекунад
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
Вай ҳамчунин Ғарбро дар тахриби пояҳои аслии иқтисоди ҷаҳонӣ муттаҳам кард, ки садсолаҳо ташаккул ёфтанд. Аз ҷумла зикр намуд, ки боварӣ ба доллар, евро, фунт стерлинг, ҳамчун асъор барои ҳисоббаробаркунӣ, захира ва дороӣ аз даст рафтаст.
Ин дар ҳолест, ки Русия даҳсолаҳо дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон низ қаблан нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷои доллар аз бандҳои он мебошад.