Дар гузориши ахири СММ, ки корҳои олимони кишварҳои гуногунҷамъоварӣ шудааст, эҳтимоли аз байн рафтани 40 дарсади ҷонварон то миёнаҳои ин аср қайд шудааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки нобудшавӣ аз ҳама бештар ба ҳашарот зарба мезанад, аммо таъсираш ба макроҷаҳон ҳам таъсир хоҳад расонд.
Дар ин гузориш нобудшаванда хайвонхое гуфта шудааст, ки саршумори онҳо дар давоми 10 соли охир 80-90 фоиз кам шудааст. Як қатор омилҳои дигар низ ба назар гирифта мешаванд.
Масалан, дар ҷаҳон тақрибан 70 палангҳои амурӣ боқӣ мондаанд, дар ҳоле ки саршумори хукҳои обии калифорниягӣ тақрибан 10 сарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, то соли 2050 зиёда аз 90 дарсади тамоми рифҳои марҷон метавонанд нобуд шаванд.