НАТО ва Аврупо ба сози “най”-и Украина мерақсанд

Вазири хориҷии Русия дар мавриди таслиҳоти ҳастаӣ гуфт, ки НАТО ва Аврупо ба сози “най”-и Украина мрақсанду ба ин кишвар додани силоҳро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. НАТО ва Аврупо ба сози “най”-и Украина мерақсанд ва сарфи назар аз изҳороти Зеленский, аз ҷумла дар бораи силоҳи ҳастаӣ ба Киев додани силоҳро идома медиҳанд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни як паёми видеоӣ дар ҷаласаи чаҳоруми Шӯрои умумии ҳизби “Русияи воҳид”.
“Чунон ки маълум аст, дирӯз шӯрои ба истилоҳ Ҷомеаи Аврупо даъват шуда буд, ки ин ташаббуси президент Макрон буд, ки дар пайи он роҳбари дипломати Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел эълон кард, бо ифтихор эълон кард, ки раванди ташаккули Сохтори амниятӣ бидуни иштироки Русия оғоз мешавад. Дар маҷмӯъ онҳо танҳо бо сози найи Киев мерақсанд ва хаёлоти онҳоеро, ки то ҳол дар он ҷо дар сари қудрат ҳастанд, ташвиқ мекунанд”, - гуфт вазир.
Илон Маск: қисме аз Украина мехоҳад бо Русия бошад
Вай инчунин гуфт, ки ҳамин тавр, ҳам Иёлоти Муттаҳида ва ҳам муттаҳидонаш масъулияти зиёдро барои афзоиши зиёди ташаннуҷи байналмилалӣ сарфи назар аз суханони ошкороиӣ Зеленский дар бораи барномаи ҳастаи низомӣ, бар дӯш мегиранд", - афзуд Лавров.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский эълон кард, ки ба қаламрави Русия зарбаи ҳастаии пешакӣ зананд, то ин кишвар аз имкони истифодаи силоҳи ҳастаӣ даст кашад.