ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара омада, бо ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ хароб гардида буд, шинос шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар минтақаҳои наздисарҳадии Исфара айни замон корҳои бунёду барқарорсозӣ бо суръати баланд идома дошта, масъулин ва ҳашарчиён тасмим доранд, ки то охири моҳ сохтмони хонаҳоро ба анҷом расонанд.
“Сокинони шаҳри Исфара ва ҳашарчиён аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ба таври ихтиёрӣ ба кумаки зарардидагон омада, аҳлона барои сари вақт бо сарпаноҳ таъмин шудани сокинон меҳнат намуда истодаанд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Раиси вилоят зимни боздид гуфт, бо кӯмакҳои моддии президенти кишвар, ки барои сохтмони манзилҳо ҷудо шуда буд, рӯзҳои наздик хонаҳои истиқоматӣ пурра омода карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки сокинон аз вусъати корҳои сохтмонӣ изҳори хушнудӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи марзии ахир чандин иншооту манзилҳои истиқомотӣ зарар диданд.