Кишварҳои ИДМ низоми ягонаи амнияти экологӣ ташкил мекунанд

Кишварҳои ҳамсуд, ки дар як минтақаи ягона зиндагӣ мекунанд, бояд қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро новобаста аз марзҳо риоя намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кишварҳои Иттиходи Давлатхои Мустакил бояд системаи ягонаи бехатарии экологиро ба ташкил намоянд.
Дар ин бора вазири захираҳои табиии Русия Александр Козлов дар ҳаштумин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии экологии кишварҳои ИДМ изҳор дошт.
Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия ширкат доштанд.
“Кишварҳои мо ҳамеша якҷо буданд ва новобаста аз марзҳо, дар як фазои ягонаи экологӣ зиндагӣ мекунем. Мо бо ҳар яки шумо дар барномаҳои экологӣ ҳамкорӣ мекунем. На ба хотири фишори тиҷорат, балки ба хотири ҳамкории муштарак, экологӣ ва ояндаи дустона”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи муҳим ин ташкили як низоми ягонаи корӣ мебошад, ки бо офатҳои техногени ва ифлосшавии муҳити зист мубориза барад.
Баррасии ҳамкориҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Кайд карда шуд, ки амиқ намудани равандҳои ҳамгироии кишварҳои ИДМ дар сохаи хифзи мухити зист муҳим мебошад.
Ҷонибҳо дар бораи зарурати ҷорӣ кардани усулҳои иқтисоди сабз, бастабандии бехатар, "кам истифода кардани пластик ва афзоиши истифодаи партовҳо дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот"-ро изҳор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои байнидавлатии экологӣ 8 феврали соли 1992 таъсис ёфта, аллакай соли 2013 Созишномаи нав дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви ИДМ ба имзо расида шуда буд.