ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бар асари тирпарронӣ дар Таиланд дастикам 32 нафар кушта шуданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Ҳодиса дар маркази кӯдакон дар шимолу шарқи кишвар рух додааст.
Ба навиштаи нашрияҳо, ҳамлагар як афсари собиқи пулис аст, ки ахиран ба далели мушкилоти маводи мухаддир аз кор барканор шудааст. Ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Дар ҳоли ҳозир мавсу аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Бархе аз расонаҳо хабар медиҳанд, ки тирандоз даст ба худкушӣ задааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳо аввалин аксу наворҳои ҳайратангез аз маҳалли ҳодиса паҳн мешаванд.
Дар навор ҷасади чандин кушташудагон ҳам дар марказ ва ҳам дар кӯча дида мешавад. Ҳоло дар бино кормандони хадамоти махсус корбарӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аксарияти аҳолии Тайланд ба силоҳ дастрасӣ доранд, аммо кушторҳои оммавӣ дар кишвар хеле кам мушоҳида мешавад.
Яке аз охирин чунин ҳодисаҳо, ба гуфтаи хабаргузории Reuters, дар соли 2020 рух дод, ки як сарбозе, ки аз муомилоти ғайриманқул норизоӣ карда, ба хашм омада буд, дастикам 29 нафарро кушта ва 57 ғайринизомиро захмӣ кард.