ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ меравад.
Дар ин бора дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин нишаст дар назар аст, ки 7 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург барпо шавад.
Сухангӯи Владимир Путин Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки мулоқоти сарони кишварҳои муштарак-ул-манофеъ дар шакли дидори мустақим мегузарад.
Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмӣ аз сӯйи Владимир Путин, раҳбари Русия ироа шудааст, ки ҳамасола доир мешавад.
Ба гуфтаи сухангуи президенти Русия Дмитрий Песков, мулоқот дар Қасри Константиновский баргузор мешавад. Ӯ онро як рӯйдоди хеле муҳим дар заминаи омодагӣ ба нишасти ҳафтаи ояндаи ИДМ хонд.
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват кард