ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҳайати муташаккил аз қумондонони сарҳадии Зуни шимоли кишвар бо ҳайати Низомии кишвари Узбекистони дар як мулоқот аз қабл таъйиншуда рӯзи гузшта дар бандари Ҳайратони вилояти Балх рӯй масоили амниятӣ ва марзӣ бо ҳам гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин дидор ду тараф рӯйи чигунагӣ таъмини амнияти беҳтари сарҳаддоти ду кишвар, ҳалли чолишҳо, ҳамоҳангии лозим ва таъмини иртибототи байни неруҳои сарҳадӣ ва соири мавзуъотро баҳс намуданд.
Ду тараф тавофуқ намуданд то мушкилоташанро аз роҳи гуфтугӯ анҷом дода ва аз эҳтимоли ҳаргуна тахаллуфоти марзӣ дар оянда ҷилавгирӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, чи чанде пеш дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон даргирие сурат гирифт.
Мақомоти марзбонии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия гуфта буд, ки дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд.
Таъкид шудааст, ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд.
"Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли гузашта толибҳо ғасб карда, таъкид намуданд, ки аз қаламрави ин кишвар барои ҳамсояҳо ҳеч таҳдиде ҷой надорад.