ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. “Забони тоҷикиро дӯст бидорем” таҳти ин унвон диктанти саросарии забони тоҷикӣ дар шаҳри Қазони Тотористон баргузор гардид, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, диктанти саросарии забони тоҷикӣ бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикони баргузор гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки диктант бахшида ба рӯзи забони тоҷикӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани саводнокӣ ва тарғиби забони модарӣ гузаронида шуд.
“Барои навиштани диктант ҳамаи хоҳишмандон, сарфи назар аз синну сол, миллат, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи забондонии забони тоҷикӣ аз ҳамаи шаҳрҳои Русия иштирок намуданд”,- таъкид кардааст сафорат.
Манбаъ зикр кардааст, ки ин диктант ҳам ҳузурӣ ва ҳам бархат (онлайн) гузаронида шуд ва ин имконият дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз дигар шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург, Псков, Нижний Новгород ва дигар манотиқи Русия ширкат карданд.
“Иштирокчиёни бархат намунаҳои худро ҳамзамон фиристоданд ва корҳои ҳамаи иштирокчиён санҷида шуданд, ки натиҷаҳои хуб ҳам доранд”, - қхабар додааст сафорат.
Дар ҳамин ҳол, масъулини сафорти Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ки ҳадафи аслии навиштани ин диктант қабл аз ҳама, эҳтиром ба забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани ин мероси гаронбаҳои аҷдодон аст, зеро бо пешрафти илму техника ва рушди дунёи имрӯз аз тавонмандиву зарфиятҳои забони тоҷикӣ истифода кунем, то забони мо миёни дигар забонҳо аз байн наравад.
Навиштани ин диктант ҳам дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби ҷавонону ҳамаи тоҷикони берунмарзӣ ва албатта тарғиби забони тоҷикӣ байни дигар халқҳои Русия мебошад, ки ин барои ошнойии бештари мардум бо забону адабиёт ва фарҳанги мо кӯмак хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки ҳамчунин намояндагони дигар миллат, аз ҷумла як нафар донишҷӯйи русзабони риштаи шарқшиносии Донишгоҳи Қазон (КФУ) ва ҳамчунин донишҷӯйи африқоӣ аз Донишгоҳи сохтмон ва меъморӣ низ иштирок доштанд.
Таъкид шудааст, ки ин донишҷӯёни хориҷӣ ошиқи забони тоҷикӣ ва каломи ширини форсӣ ҳастанд ва бо алоқамандии зиёд забони тоҷикиро ёд мегиранд.