ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар гузориши ахири худ хабар додааст, ки аз соли 1995 то ба 1 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ музди миёнаи меҳнат аз 0,92 сомонӣ ба 1711,3 сомонӣ баробар шуда, 18 маротиба бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар маоши вазифавии кормандони буҷетӣ зиёд карда шуд.
Мақомоти Тоҷикитон қайд кардааст, ки ин омил ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбии худро гузоштааст.
“Музди миёнаи меҳнат дар солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020 ва ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ мутаносибан 0,92 сомонӣ, 15,5 сомонӣ, 83,5 сомонӣ, 354,4 сомонӣ, 878,9 сомонӣ, 1335,5 сомонӣ ва 1711,3 сомониро ташкил намуд”, - иттилоъ додааст вазорат.
Ҳамзамон вазорати меҳнат хабар додааст, ки музди миёнаи меҳнат ба 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 дар соҳаҳои маориф аз 11,5 сомонӣ ба 1375,8 сомонӣ, тандурустӣ аз 6,7 сомонӣ ба 1076,1 сомонӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ аз 23,8 сомонӣ ба 1425,2 сомонӣ, нақлиёт аз 30,9 сомонӣ ба 2268,1 сомонӣ, сохтмон аз 38,9 сомонӣ ба 2562,9 сомонӣ, саноат аз 47,1 сомонӣ ба 2262,9 сомонӣ баробар шуд.
“Ба ҳолати 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои маориф 120,0 маротиба, тандурустӣ 160,6 маротиба, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ 53,9 маротиба, нақлиёт 63,4 маротиба, сохтмон 65,8 маротиба, саноат 48 маротиба ва кишоварзӣ 88,3 маротиба афзоиш ёфт”, - хабар додааст манбаъ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои вазорати меҳнат ба ҳолати 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 123,8 маротиба, вилояти Хатлон 130 маротиба, вилояти Суғд 119,3 маротиба, шаҳри Душанбе 80,1 маротиба ва ШНТҶ 57,8 маротиба зиёд гардид.
Зикр шудааст, ки агар дар соли 1998 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат 1 сомониро ташкил дода бошад, айни замон андозаи он ба 600 сомонӣ расид.