Қабули зангҳо: субҳи 70-умин солгарди Раҳмон аз чӣ оғоз шуд?

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки 70-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад, паёмҳои шодбоширо қабул карда истодааст. Аз ҷумла ҳамтоёнаш аз хориҷа ӯро табрик карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш аз нахустинҳо шуда, аз тариқи телефон президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев шодбоош гуфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва дар фаъолияташ комёбиҳои бузург, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.
"Сарони давлатҳо раванди рушди афзояндаи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро зикр карда, атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мубодилаи афкор анҷом доданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки рӯзномаи мулоқотҳои қарибулвуқӯи сатҳи олӣ дар Остона мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор дошт.
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон 70-умин солгардашро таҷлил дорад. Ӯ 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон дар оилаи деҳқон, Шариф Раҳмон таваллуд шудааст.
Путин ба Раҳмон Орден дод
Дар суҳбати телефонӣ Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамчунин нисбат ба масоили алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар намуданд.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод - ҳоло Сарбанд, ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа - ҳоло Бохтар, шурӯъ намудааст.
Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон дар оилаи деҳқон, Шариф Раҳмон таваллуд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон писари хурдиашро хонадор кард: тафсилот
Рӯзи 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Рӯзи 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ президенти Тоҷикистон интихоб шуд.
Ӯ 6 ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол президенти Тоҷикистон интихоб гардида, 6 ноябри соли 2006 бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол роҳбари Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2013 бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон пирӯз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад ва аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш дар интихобот бархӯрдор аст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон оиладор ва падари нӯҳ фарзанд мебошад.