ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳануз аз навъи инфиҷор ва талафоти эҳтимолии он итилоъи дақиқе дар даст нест, ин дар ҳолест, ки хабаргузории Алҷазира эълом кардааст ки дар ин инфиҷори 3 тани кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини бемористони Кобул эълом кардааст, ки дар пайи инфиҷори имрӯз дар масҷиде дар наздикии вазорати дохилаи 20 захмӣ ба ин шифохона интиқол дода шуданд, ки ду нафари онон дар ҳамон ибтидои вуруд ҷон бохтанд.
Абдулнофеъ Такур, сухангӯии вазорати дохилаи толибон дар ин бора гуфт, ки дар масҷиде дар наздикии вазорати дохилаи инфиҷоре рух додааст, ки бархе аз кормандони ин вазоратхона низ дар он ҳузур доштанд.
Вай ҷузъиёти бештаре дар ин бора ироа накардааст.
Дар баробари ин, хабаргузории “Aamaj News” аз 30 кушта ва 50 захмӣ хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки пештар ҳамлаи террористӣ дар як маркази таълимии Кобул сурат гирифт, ки дар он даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Ҳодиса субҳи рӯзи ҷумъаи 30 сентябр дар маркази "Коҷ" дар ноҳияи Дашти Барчӣ ба амал омада, дар пайи он ҳадди ақал 19 нафар кушта ва 27 нафар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба гузоришҳо, ин таркиш ҳангоми имтиҳонсупории таълимгирандагон рух додааст. Бисёре аз қурбониёнро духтарон ташкил додаанд.
Ҳамларо интиҳорие амалӣ кардааст.
Қаблан ҳамлаҳои террористиро дар Афғонистон, ки умдатан рӯзҳо ҷумъа дар маконҳои таҷаммӯи намогузорон амалӣ карда мешаванд, созмони террористии ДОИШ* ба уҳда мегирифт.
Толибҳо дар зимн эълон медоранд, ки мубориза алайҳи терроризмро дар кишвар тақвият додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.