ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бо фармони Президенти Туркманистон аз 14 сентябри соли 2022 ба қоидаҳо “Дар бораи танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сарҳади гумрукии Туркманистон ва муқаррар намудани ҳаҷми ягонаи боҷҳо ва пардохтҳо аз соҳибони хориҷии воситаҳои нақлиёт” тағйирот ворид гардидааст, иттилоъ додааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ин вазорат, тағйироти мазкур ба молрасонҳо ва интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон ҳамлу нақли борро амалӣ мекунанд, рабт дорад.
Ҳамчунин вазорат таъкид кардааст, ки ҳаҷми пардохтҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва рақобатпазир барои ҳамлу нақли молҳои содиротӣ-воридӣ ва транзитӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ тибқи Барномаи Президенти Туркманистон дар бораи рушди дипломатияи нақлиётӣ барои солҳои 2022-2025, инчунин баланд бардоштани самаранокии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ тавассути қаламрави Туркманистон ба роҳ монда шудааст.
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба тарифҳо аз 1 октябри соли 2022 эътибор пайдо мекунанд.