Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шӯрои Федератсия пайвастшавии 4 субъекти навро ба Русия тасвиб кард

Палатаи болоии парлумони Русия созишномаҳои пайвастшавии 4 субъекти навро ба қаламрави кишвар ба тасвиб расонд, ки 30 сентябр дар Кремл имзо шуда буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шӯрои Федератсия созишномаҳои ба ҳайати Русия қабул кардани ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск, вилоятҳои Запорожею Херсонро ба тасвиб расонд.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Русия, Владимир Путин ва раҳбарони минтақаи зикршуда созишномаҳоро 30 сентябр дар Кремл имзо карда, рӯзи 2 октябр Додгоҳи конститутсионӣ онҳоро ба Қонуни асосӣ мувофиқ донист. Думаи давлатӣ аллакай созишномаҳои мазкурро тасвиб кард.
Бар асоси асноди тасвибшуда, субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишномаҳо аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад. Дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш ҷараён хоҳад дошт.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров гуфт, раванди амалиёт дар Украина чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт
Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Русия, Владимир Путин зимни имзои ин созишномаҳо дар Кремл гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.