ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ҳамаи русиягиҳоое, ки пасандоз доранд, бояд сармояи худро бо асъоре гузоранд, ки ба хатарҳои инфрасохторӣ дучор намешавад.
Дар ин бора ба хабаргузории "Прайм" таҳлилгари КСП "Капитал", Михаил Беспалов хабар додааст.
Ба эътиқоди ин таҳлилгар, кишварҳои ғарбӣ метавонанд таҳримҳоеро дубора ҷорӣ кунанд, ки табодули доллар ва евроро душвор созад ва баъдан боиси афзоиши мизони комиссияҳо дар бонкҳо мешавад.
Ин аст, ки коршинос гуфт, ки диверсификатсияи сармоягузорӣ беҳтарин вариант барои онҳое аст, ки дороиҳо доранд.
Беспалов маслиҳат дод, ки сармоядорон сохтори дороияшонро дида бароянд ва ҳиссаи он воситае, ки дучори хавфи бештар аст, ба ҳадди имкон кам карда шавад. Даромаднокӣ ва хавфҳои дороӣ, дар навбати худ, ба ҳадафҳои дарозмуддати соҳиби он бояд мувофиқат кунанд.
Коршинос ҳушдор дод, ки ҳоло сармоягузорон бояд зимни маблағгузорӣ ба дороиҳои хориҷӣ эҳтиёткор бошанд. Чун ба гуфтаи ӯ, бозорҳо феълан дар пасманзари бӯҳрон зери фишор қарор доранд ва набояд дар бораи хатарҳои инфрасохторӣ фаромӯш кард.
"Ҳозир хатари нигоҳ доштани пасандозҳо бо доллари ғайринақдӣ ва евро афзоиш ёфтааст, зеро имкони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ вуҷуд дорад", - илова намуд ӯ.
Таъкид гардид, ки маҳдудиятҳо метавонанд боз ҳам бар зидди унсурҳои инфрасохтори молиявии Русия равона карда шаванд, ки метавонад "мубодиларо бо ин асъор мушкил кунад".