Аз тақвияти ҳамкорӣ то вазъи Афғонистон: Дидори Раҳмон бо Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо вазири хориҷии Арабистони Саудӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, ки ба Душанбе сафар кардааст дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор иброз доштааст, ки Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду давлат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Зимни мулоқот дар бораи таҳкиму тавсеаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд, робитаҳо дар самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз қабили бахши тиҷорату иқтисод, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабук, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахшҳо, ки имкониятҳои зиёдро доро мебошанд, табодули андеша сурат гирифт.
Сафари расмии шоҳзодаи саудӣ дар Душанбе
Тарафҳо масъалаи татбиқи босамари стратегияҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъкид шудааст, ки зимни баррасии масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии кишвари ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ҳамкории судманд доранд ва таъкид шуд, ки кишвари мо аз узвияти Арабистони Саудӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси шарики муколама, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон сурат гирифт, истиқбол менамояд.