ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар доираи ин сафар шоҳзода бо вазири умури хориҷии ҶТ, Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ азм доранд, ҳамкориро дар бахшҳои гуногун тақвият диҳанд. Аз ҷумла ахиран соҳибкрон аз ин кишвар аз Тоҷикистон боздид карда, роҳҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Инчунин қаблан додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон аз Арабистони Саудӣ боздид карда, мубориза дар бахши амниятро баррасӣ кард.
Аз ҷумла Юсуф Раҳмон бо Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб, прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро баррасӣ кард, ёддошти тафоҳумро имзо намуда буданд.