ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар моҳи октябр қурби доллар метавонад аз 50 то 70 рублро ташкил хоҳад дод. Дар ин бора коршиноси бозори саҳомии "БКС Мир инвестиций", Дмитрий Бабин хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳо дар навбати аввал ба рубл фишор хоҳанд овард. Ҳоло дар бозори Русия аз тарси маҳдудиятҳо ҷараёни фаъоли баргардонии маблағҳо аз асъори кишварҳои ғайридӯст ба асъори кишварҳои дӯст эҳсос мешавад.
Эҳтимол дорад, ки таҳримҳо метавонанд ба Маркази миллии клиринг низ таъсир расонанд. Коршинос тавзеҳ дод, ки ин боиси бастани муомилот бо асъори кишварҳои ғайридӯст мегардад.
Омили дигари фишор болои рубл нархи коло аст, ки ҳоло ба таври қобили мулоҳиза поин рафтааст. Ин даромади содиротиро, ки ба ворид шудани асъори хориҷӣ ба бозори Русия мусоидат мекунад, коҳиш медиҳад.
Дар бораи тадричан барқарор шудани воридот низ набояд фаромӯш кард, гуфт Бабин.
Коршинос таъкид кард, ки дар чунин шароит мувозинати талабот ба асъори хориҷӣ ва пешниҳоди он, ки дар моҳҳои ахир ҷой дошту уствории рублро таъмин мекард, вайрон мешавад.
"Мо метавонем қурби долларро ҳам дар 50 ва ҳам 70 рубл мушоҳида кунем ва муҳимтар аз ҳама, итминон вуҷуд надорад, ки қурб ҳадди ақал чанд соат дар сатҳи расида боқӣ мемонад", - афзуд ӯ.
Илова бар ин, Бабин гуфт, ки дар моҳи октябр бо асъори калидии кишварҳои дӯст - юани чинӣ ва доллари Ҳонконг чӣ рӯй хоҳад дод. Ба ақидаи ӯ, дар робита ба онҳо рубл тадриҷан арзонтар мешавад.