Коршиноси амрикоӣ гуфт чӣ тавр метавонад аз дасти Русия НАТО нобуд шавад

Палковники амрикоӣ дар як мусоҳибае гуфтааст, ки агар НАТО ба доман задани ҷанг бо Русияро идома диҳад, ин созмон метавонад аз байн равад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Хоҳиши Лаҳистон ва як қисми элитаи Амрико барои ворид шудан ба ҷанг бо Русия боиси нобудшавии НАТО мешавад, гуфт як полковники мустаъфӣ, мушовири собиқи раҳбари Пентагон Дуглас Макгрегор дар телевизиони Fox News.
“Ба ҷуз Лаҳистон, ҳеҷ кас дар НАТО ба ҷанг бо Русия манфиатдор нест. Агар мо минбаъд низ ин равандро идома диҳем, мебинем, ки НАТО чӣ гуна ба таври оддӣ пароканда ва аз байн меравад. Ҳеҷ кас намехоҳад, бо Русия ҷанг кунад, ба ҷуз полякҳо ва шумораи ками нафарон дар Вашингтон”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Макгрегор, аксари шаҳрвандони Олмон низ мухолифи бархӯрди низомӣ бо Русия ҳастанд.
Раисҷумҳури Руминия мегӯяд, НАТО намехоҳад бо Русия ҷанг кунад
Русия борҳо таъкид кард, ки НАТО хостори доман задани низоъ аст. Ба гуфтаи сухангӯи раисиҷумҳур Дмитрий Песков, тавсеаи минбаъдаи НАТО амнияти бештаре ба Аврупо нахоҳад овард.
Дар айни замой Маскав таъкид кард, ки вай барои гуфтушунид бо НАТО дарҳоро боз мемонад, вале дар асоси равобити баробар ва ба шарте, ки Ғарб аз сиёсати низомишавӣ даст кашад.
Ёдовар мешавем, ки пештар Украина барои узвият ба ҳайтаи НАТО мутобиқ бо барномаи фишурда дархост хоҳад кард.