Ҳамоиши эътирозии занони Афғонистон ба Балх расид

Гуруҳҳои занони фаъол дар шаҳру музофотҳои мухталифи Афғонистон бо баргузории ҳамоишҳо аз ҳукуматдорҳои ҷадид риояи ҳуқуқҳояшонро талаб доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ҳамоишҳои эътирозии занон алайҳи ҳукумати толибҳо таҳти шиорҳои “Амният, адолат, таҳсил, озодӣ ва қатъи наслкушӣ” бисёре аз шаҳрҳои Афғонистонро фаро гирифтаанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода, афзуд, ки ҳамоишҳои эътирозӣ то ба музофоти Балх расидаанд.
Таъкид шудааст, ки донишҷӯдухтарон дар Мазори Шариф иддао доранд, ки толибҳо дониста тасмим гирифтанд, ки онҳоро дар хобгоҳашон маҳкам кунанд, то ба даст ба эътироз назананд, аммо онҳо қуфлро шикастанд.
Кумаки Тоҷикистон ба 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманд дар Афғонистон
Дар Бомиён эътирози шадид бо ширкати мардум бо даъвати қатъи қатли ҳазораҳо афзоиш ёфтааст.
Толибон дар пароканда кардани гирдиҳамоиҳо интихоби аҷибе нишон медиҳанд: дар Кобул яке аз ин дуро саркӯб карданд, дар Ҳирот вокуниш нишон доданд, аммо дар Бомиён не, дар Мазори Шариф шуморе аз ширкаткунандагон боздошт шуданд.
Ин дар ҳолест, ки Афғонистон аз нигоҳи баробарии гендерӣ ақибмондатарин кишвари ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Таъкид шудаст, ки бо расидани толибҳо ба сари қудрат аз нимаи моҳи августи соли гузашта вазъи занон дар кишвар бадтар гардидааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадид дар Афғонистон талаб дорад, ки ҳуқуқҳои занонро таъмин намоянду дастрасияшонро ба таҳсилу кор фароҳам созанд.