ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Мақомдорони Хатлон 1400 нафар ҷавононро дар вазъияти тантанавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, дар рӯзҳои нахустини даъвати тирамоҳӣ шаҳру ноҳияҳои Данғара, Вахш, Фархор ва Норак нақшаи даъвати наваскаронро иҷро намуданд.
Манбаъ афзуд, дар маросими гусели даъватшудагон раиси Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини вазири мудофа, Абдусаттор Шоҳиён, падару модарон ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.
Ҳакимзода дар хитоб ба даъватшавандагон гуфт, дар саффи қувваҳои мусаллаҳ кафили якпорчагии кишвар хоҳанд буду дар таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург мегузоранд.
"Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии наваскарон идома дошта, дар доираи он ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба артиш сафарбар мегарданд.