ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Як украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон боздошт шудаст, ки дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ айбдор мешавад.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда дар расонаҳо, муттаҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон барои ба таври ғайриқонунӣ вориди Лаҳистон шудан кумак кардааст. Тафсилоти ин қазия ва шахсияти муттаҳаму мизоҷонаш ироа нашудаст.
Маврид ба зикр аст, ки чунин ҳолат бори аввал рух намедиҳад. Моҳи октябри соли 2021 як шаҳрванди Украина дар Лаҳистон боздошт шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ироқро тавассути марз интиқол медод.
Як моҳ баъд нерӯҳои амниятӣ чанд шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ташкили убури ғайриқонунии марз ширкат доштанд, боздошт карданд.
Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.
Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошта буд, ахиран сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Тоҳир Каримзода.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - тавзеҳ дод ӯ.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошта буд Каримзода.