ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Хатлонро низ ҳавои тағйирёбанда ва асосан бебориш фаро гирифта, чангу ғубор боқӣ мемонад, мегӯянд ҳавошиносон. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм дар назар мебошад.
Таъкид шудаст, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон дар назар нест. Ҳарорати ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.