ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳарифони худ аз Туркманистон бозӣ кард ва бо ҳисоби 8 бар 5 пирӯз омад.
Бози миёни ин ду тим дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло” доир шуд.
Ҳамин тариқ, пасаз ин ғалаба футзалбозони тоҷик сеюмин дастае дар Ҷоми Осиё оид ба футзал шуданд, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Аз ин пештар мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шуда буданд.
Ба ҳамин минвол, дастпарварони Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи “А” бозӣ мекунад. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон шоми якуми октябр муайян мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи ¼ -ниҳоӣ рӯзи 4-уми октябр доир шуда, даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 8-уми октябр баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд.