ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон барои ҳавасманд кардани мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт 111 нафар бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бар хабари Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ба ҳар як мураббӣ ва омӯзгор се ҳазор сомонӣ тақсим карда шуд.
Манбаъ меафзояд, мукофотпулӣ ба омӯзгороне дода шуд, ки хонандагони онҳо дар олимпиадаҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Ҳамзамон мураббиёне, ки тарбиягирандагони онҳо дар озмуни шаҳри “Донояк” ғолиб гардиданд.
“Маблағ аз ҷумла ба 100 омӯзгоре, ки на кам аз се хонандаашон дар олимпидаҳо ҷо гирифтаанд ва 4 нафар мураббӣ, ки тарбиягирандагонаш ғолиби озмуни шаҳрии "Доноякон" шудаанд, супорида шуд”, - тавзеҳ дод манбаъ.
Ҳамчунин 7 омӯзгори дигар, ки шогирдонашон ғолиби озмуни шаҳрии “Ватанпарвар” ва барои саҳмгузорӣ дар озмунии шаҳрии “Килки сабз” соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд, аз мукофот баҳраманд гардиданд.
Ҳамин тариқ, бо қарори мири Душанбе 333 ҳазор сомонӣ миёни омӯзгорону мураббиён тақсим карда шуд.