ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Маҳбуси фирорӣ Аҳмадбек Саидов, ки шаби 18 ба 19 - уми августи соли ҷорӣ аз боздоштгоҳи рақами № 1-и шаҳри Душанбе фирор карда буд, дар Конибодом боздошт шуд.
Ҷустуҷӯи ӯ як моҳ зиёд идома дошт ва ҳоло мақомоти зиндонбонӣ ва амнияти Суғд ӯро дастгир намуданд.
Як манбаъ аз Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки боздошти Саидов зуҳри якуми октябр даст додааст.
"Дар зимни корҳои ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки маҳбуси фирорӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом панаҳ бурдааст. Ӯ аз ҷониби мақомот дастгир карда шуд", - гуфт, манбаъ.
Саидов Аҳмадбек Амробекович, сокини 35 -солаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон гуфта мешавад, ки дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 249- и асноди ҷиноӣ “роҳзанӣ” муттаҳам дониста шуда, вале 15 сол ба ин тараф дар шумори афроди ҷинояткор ҷустуҷӯ мешуд.
Чанд моҳ қабл ӯ дар ҳудуди Русия дастгир шуда ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар боздоштгоҳи рақами № 1 шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.
Аммо шаби 18 ба 19 август аз боздоштгоҳ ғайб задааст. Дар пайи нопадидшавии ин зиндонӣ, дар маҳкамаҳои тафтишотӣ ва маҳбасхонаҳои ҳудуди кишвар низоми казармавӣ ҷорӣ гардида, инчунин дар шоҳроҳҳои шаҳру навоҳӣ постҳои шабона ташкил шуда буд.
Мақомот бо нашри аксҳои Аҳмадбек Саидов дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда буданд, ки дар баробари дидани ӯ, ба онҳо хабар расонанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳатто барои ошкоркунии макони будубоши маҳбуси фирорӣ ҷоизапулӣ ҳам эълон карда буд.