ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Бахши қазоқии интернет ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи киберӣ қарор гирифтаст, хабар дод президенти ин кишвар, Қосим-Ҷомарт Тоқаев.
Ӯ зимни мулоқоташ бо сокинон дар вилояти Абай аз аз оғози маъракаи бузурги сиёсӣ дар кишвар хабар дод. Зикр шудаст, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ 20 ноябр таъйин гардид.
"Албатта, пас аз интихобот баҳсҳои мухталиф хоҳад шуд. Илова бар ин, шояд афроде пайдо шаванд, ки хилофи манофеи кишвар ва ҳатто маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд. Мо бояд дар ин бора эҳтиёткор бошем", - гуфт раисҷумҳури Қазоқистон.
Вай таъкид кард, ки пас аз эълони интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ фейкҳои мухталиф паҳн шуда ва ҳамлаҳои киберӣ шиддат гирифтааст.
"Ин бесабаб нест. Нерӯҳои муайяни беруна ният доранд, ки дар Қазоқистон нофаҳмиҳо бикоранд. Онҳо мехоҳанд, ки аз тағйироти мусбат дар кишвар пешгирӣ кунанд. Аммо мо аз ин роҳ барнамегардем", - гуфт сарвари давлат.
Сарвари Қазоқистон муътақид аст, ки як дафъа ба муҳлати ҳафтсолаи президентӣ интихоб шудани як нафар, қадами муҳиме сӯи демократия аст, ки барои насли нави сиёсатмадорон роҳ мекушояд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад.