ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Русия тибқи қоидаҳои Ғарб бо стандартҳои сегона зиндагӣ намекунад, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханрониаш дар маросими қабули ҶМД, ҶМЛ ва вилоятҳои Херсон ва Запарожие ба ҳайати Русия.
"Ҳама чизе ки мо аз ҳар тараф мешунавем:"Ғарб тартиботеро, ки бар асоси қоидаҳо ташаккул ёфтааст, дифоъ мекунад. Онҳо аз куҷо пайдо шудаанд? Ҳатто ин қоидаҳоро кӣ дидааст? Кӣ онҳоро ҳамоҳанг кардааст? Гӯш кунед, ин як сафсата аст. Фиреби ошкоро. Русия як қудрати бузурги ҳазорсола ва як кишвари тамаддун аст ва бо чунин қоидаҳои тақаллубкорӣ зиндагӣ нахоҳад кард", гуфт Путин зимни суханрониаш дар Кремл.
Вай илова кард, ки ба кишварҳои Ғарб Русия лозим нест, аммо Русия барои мо лозим аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
Кишвардори Русия дар Кремль аз руи натичахои референдум дар вилоятхои ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запорожие суханронӣ кард.
Путин дар суханронии худ гуфт: "Онҳо ба Русия умуман ниёз надоранд, аммо Русия барои мо лозим аст".
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар кохи Кремли маросими ба имзо расонии сандаҳо барои пайвастани ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запарожие сурат гирифт.
Раисҷумҳури Русия ва роҳбарони ин вилоятҳои санадро ба имзо расониданд, ҳамин тариқ ба ҳайати Русия чаҳор вилояти бузурги Украина пайваст шуд.