ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Русия дар пайи баргардонидани замони гузаштаи шӯравӣ нест, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар маросими ба имзорасонии созишнома дар бораи пайвастани ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запарожие.
"Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд надорад. Гузаштаро баргардонидан ғайри имкон аст. Русия ҳам имрӯз ба он ниёз надорад. Мо барои ин талош намекунем", - гуфт Владимир Путин.
Вай илова кард, ки ҳеҷ чизе қавитар аз азми миллионҳо нафар нест, ки аз рӯи фарҳанг, эътиқод, анъана ва забони худ худро ҷузъи Русия медонанд.
Ёдовар мешавем, ки кишвардори Русия дар маросими ба имзо расидани созишномаҳо дар бораи пайвастани ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запорожие ба ҳайати Русия иштирок кард.
Қаблан сокинони ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожие дар ҳамапурсӣ барои пайвастан ба ин минтақаҳо ба Русия раъй дода буданд.