Лукашенко: Давоми чанд рӯз метавон ба Украина сулҳ овард

Бисёриҳо аз зарурати барқарор шудани субот дар Украина мегӯянд, аммо азми эҷоди онро нишон намедиҳанд, изҳор дошт раисҷумҳури Белорус
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Сулҳ дар Украинаро метавон дар давоми чанд рӯз ба даст овард, изҳор дошт раисҷумҳури Белорус, Александр Лукошенко.
"Агар аврупоиҳо сидқан инро бихоҳанд, метавон давоми якчанд рӯз ба сулҳ даст ёфт", - иқтибос овард аз Лукашенко Sputnik Беларус.
Вай аз аврупоиҳо даъват кардааст, ки аз раъйашон бигарданду барои барқарории эътидол дар қитъа иқдом намоянд.
Ҳушдори Патрушев аз эҳтимоли интиқоли силоҳ аз Украина ба ИДМ
"Феълан бисёриҳо дар бораи ин низоъ мегӯянду дар зимн таъкид мекунанд, ки хоҳони сулҳ дар ин қаламраванд. Махсусан аврупоиҳо, чун ин низоъ дар хонаи аврупоии мост. Аврупоиҳоро ҳушдор медиҳам: ба худ биёед, тамоми корро кунед, ки сулҳ дар ҷаҳон бошад", - гуфт ӯ.
Лукашенко зикр намуд, ки белорусҳо дар замони наслкушии фашистҳо ҳар нафари сеюмашонро аз даст доданд ва чун ҳеч миллати дигар дар ҷаҳон қадри ҷони инсониро медонанд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.