ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров сиёсати кишварҳои ғарбиро дар ИДМ дар мисоли Украина тавзеҳ дод.
Лавров зимни ҷаласаи сарони мақомоти амниятии кишварҳои узви ИДМ, ки аз Тоҷикистон дар он раиси КДАМ, Саймумин Ятимов иштирок дорад, гуфт, ҳадафи сиёсати Ғарб боз ҳам парокандатар кардани фазои пасошӯравӣ ва ҷанҷол андохтани мардум аст.
Лавров далели ин сиёсати харобиоварро Украина хонд, ки Ғарб онро ба пойгоҳи зиддирусӣ табдил додааст. Вай таъкид намуд, ки фалсафаи "тақсим кун ва ҳукмрон кун"-ро Ғарб дар робита ба давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолона истифода мебарад.
"Ҳадаф комилан равшан аст - боз ҳам бештар пароканда кардани фазои пасошӯравӣ, ҷанҷоли бештари кишварҳою халқҳо, таҳмил кардани нақшаҳои мутақобилаи зиёновар, тела додан ба ҳошияи равандҳои ҷаҳонӣ ", - изҳор дошт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ гуфт, кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд.
“Рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Маскав ҷаласаи роҳбарони мақомоти махсус ва амниятии кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад, ки аз Тоҷикистон дар он раиси КДАМ ҶТ, Саймумин Ятимов иштирок дорад.