ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, борон дар назар нест, иттилоъ дод Агентии обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳам боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Ин нишондод дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шамол аз шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хатлон ҳам боришот дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мегардад. Ҳарорати ҳаво дар доманакӯҳҳо салқинтар аз 10+15 дараҷа гарм дар шабҳо ва 22+27 дараҷа гарм рӯзона пешгӯӣ мегардад.
Боришот шаҳру навоҳии тобеи марказро низ фаро нахоҳад гирифт, ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳама ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат шабона 12+14 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм дар назар аст.