ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират доир гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масоили муҳоҷирати занон ва ҷавонон, бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар авриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сурат гирифт.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаи омори баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз он ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ин ҷаласа дар бораи тақвияти танзими равандҳои муҳоҷират санади дахлдор қабул гардид.