Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистониён ба барқарорсозии Чоркӯҳи харобшуда кумакҳоро идома медиҳанд

Деҳаҳои харобшуда пас аз ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон бо кумаки ҳам давлат ва ҳам соҳибкорони вилояти Суғдро бунёду навсозӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба сокинони осебдидаи деҳаи Чоркӯҳи Исфара барои барқарорсозии биноҳои истиқоматияшон боз як бастаи масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуданд.
Кумакҳо аз шаҳри Истаравшани ҳамсоя кумак расид, ки иборат аз 80 ҳазор дона хишт мебошад, хабар медиҳад котиботи ҳукумати шаҳр.
Борро соҳибкорони суғдӣ ва шаҳрвандони ғамхор ҷамъоварӣ кардаанд. Барои бунёди ҳарчи тезтари хонаҳо кумаки фаврӣ лозим аст.
Мақомоти Тоҷикистон ба вилояти Суғд 45 мошин кумаки башардӯстона фиристоданд
Гуфта мешавад, манзиҳои харобшударо то фасли сармо бунёд кардан зарур аст, чун оилаҳои зарардида, ки дар он ҷо пиронсолону кӯдакон ҳастанд, ба хонаҳои нав кучида тавонанд.
"Дар ин рӯзҳои ниҳоят вазнин мо дар канори сокинони осебдидаи шаҳри Исфара ҳастем ва ба қадри имкон барои барқарор кардани манзилҳои зисташон кумак хоҳем кард", - гуфтанд хайрхоҳон.
Гуфта мешавад, ки ин аз охирин кумаки башардӯстона ба деҳоти осебдидаи Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров набуда, он идома хоҳад кард. Супурдани боз 200 хазор дона хишт низ эълон шудааст.
Қаблан шаҳрвандони ташаббускор дар чанд деҳаи шимоли кишвар якбора ба 80 оила кӯмак мекарданд. Хамин тавр, ба 16 оилаи ноҳияи Бобочон Ғафуров ва 64 оилаи Исфара хӯрокворӣ дода шуд.