ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар машқҳои ҳарбии қарибулвуқӯъи нирӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бори нахуст вазифаҳои марбут ба рафъи паёмадҳои фавқулоддаи биологӣ таҳия мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти маркази муштараки машқҳои созмон хабар додааст.
Дар машқҳои низомӣ, ки дар Қазоқистон баргузор мешаванд, як воҳиди нав ба ҳайати нерӯҳои дастаҷамъии СПАД ҷалб карда мешавад.
Ҳамин тариқ, омӯзиш аз ҷониби шӯъбаи муштараки мудофиаи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ оид ба муҳофизат ва дастгирии тиббӣ гузаронида мешавад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки хизматчиёни ҳарбӣ барои муқовимат ба сирояти шартан махсусан хатарноки пайдоишаш номаълум чораҳо меандешанд.
Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон якбора се марҳилаи машқҳо – "Муомила-2022", "Ҷустуҷӯ-2022" ва "Эшелон-2022" аз 26 сентябр оғоз ёфта, то 3 октябр давом мекунад.
Барои тамринот беш аз 6,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 200 нафар низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд ва беш аз 850 адад техника ворид шуданд.
Илова бар ин, ширкаткунандагони ҷамъомади омӯзишӣ тарҳи ташкил ва баргузории амалиёти иктишофӣ аз ҷониби нерӯҳо ва воситаҳои кишварҳои узви СПАД-ро таҳия мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ба СПАД шаш кишвар – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.