Шикасти футзалбозони тоҷик аз ҳамтоёни ӯзбекашон дар Ҷоми Осиё-2022

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ҳарчанд талош кард, аммо дуввумин бозиашро дар Ҷоми Осиё-2022 бохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Футзалбозони Тоҷикистон дар рақобати даври дуюми гурӯҳи “В” аз тими миллии Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.
Бозии мазкур дар варзишгоҳи “Саъд ал Абдулло”-и Кувайт доир шуда бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи ӯзбекҳо хотима ёфт.
Ягона голи дастаи Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба дарвозаи ҳариф зад ва се голи Ӯзбекистонро бошад, Элбек Тулқинов, Ҳусниддин Нишонов, Анасхон Раҳматов ба ҳадаф расониданд.
Ҷаҳиши нархи футболбозҳои тоҷик: Кӣ чанд пул меистад?
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалаш Баҳрайнро бо натиҷаи 4 бар 3 шикаст дода буд ва Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 8:0 пирӯз шудааст.
Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 29 сентябр тими миллии Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр бо ширкати 16 давлат доир мешавад.
Беҳтаринҳо аз ҷаҳор гуруҳ ба даврит чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, ки бозиҳои он 4-уми октябр ва ниҳоят финали мусобиқа 8-уми доир мегардад.