Санаи вуруди ҳудудҳои нав ба Русия эълон шуд

Маросими имзои созишномаҳо дар бораи ба Федератсияи Русия дохил шудани ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запороже дар Кремл барпо мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Созишнома дар бораи ба Русия пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожье рӯзи 30 сентябр, соати 15:00 дар Кремл ба имзо мерасад.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод.
"Ҳамаи чаҳор, тамоми қаламравҳое, ки раъйпурсӣ баргузор кардаанд ва ба ҷониби Русия дархости дахлдор кардаанд", - гуфт ӯ.
Песков ҳамчунин афзуд, ки Кремл дар сурати тасмими ширкат дар раҳпаймоии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар ҳамон рӯз хабар хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр дар Маскав ба ҳимоят аз натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи шомил шудан ба Федератсияи Русия, ки дар вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запороже баргузор шуд, барномаи бузурги фарҳангӣ баргузор мешавад.
Ҳамапурсии пайвастшавӣ бо Русия: Ғарб силоҳи аслии Маскавро фаромӯш кард
Қаблан сарони ин вилоятҳо бо дархости пайвастани қаламравҳо ба Русия ба Владимир Путин муроҷиат карда буданд.
Раъйпурсӣ дар минтақаҳои зикршуда аз 23 то 27 сентябр баргузор шуд, ки дар он 87,05% сокинон ба тарафдории пайвастани вилояти Херсон ба Федератсияи Русия овоз доданд.
Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия 93,11% интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.
Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки 98,42% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро 99,23% аҳолӣ дастгирӣ карданд.