ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Намояндагони Русия ва Чин, Анна Ӯстинова ва Ганг Швонг дар нишасти шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълом карданд, ки барои аз миён бардоштани чолишҳои иқтисодӣ дар Афғонистон, беҳбуди зиндагии афғонҳо ва бозсозии иқтисодии ин кишвар бояд дороиҳои масдудшудаи Афғонистон озод шавад.
Анна Ӯстинова ва Ганг Швонг афзуданд: “бо тавваҷуҳ ба баёнияи Бонки марказии Афғонистон, Русия ва Чин хоҳони интиқоли комил ва фаврии захоири арзии масдудшуда ба мардуми ин кишвар ҳастанд то онон ба гунаи муассир аз он барои маҳори буҳрони башарии Афғонистон истифода кунанд.
Утоқи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон эълом кард, ки масдуди шудани дороиҳои ин кишвар таъсири бад бар иқтисод Афғонистон доштааст.
Дар моҳи феврал Ҷо Байден раисҷумҳури Амрикои фармони иҷроиро имзо кард, ки ба муҷиби он бо тақсими 7 миллиард доллар аз дороиҳои Афғонистон миёни як сандуқи башардустона ва пардохт ғаромат ба хониводаҳои қурбониёни ҳамалоти террористии 11 сентябри 2001 мувофиқат шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон баъд аз омадани толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодии Афғонистон бад шудааст.